Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми ҳокимони Миср мардумро нигарон кард


Вазорати адлияи Миср рӯзи чаҳоршанбе ба пулиси низомӣ ва маъмурони амниятӣ ҳаққи боздошти ғайринизомиёнро дода ва ин нигарониҳоро барангехт, ки низомиёни ҳоким дар Миср мехоҳанд, ҳукмрониро идома бидиҳанд. Вале ин қарор то замони қабули қонуни асосии нав дар Миср эътибор хоҳад дошт. Аз ин пас сарбозони Миср ҳақ доранд, ғайринизомиёнро бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла “нофармонӣ ба мақомот” боздошт кунанд. Артиши Миср то рӯзи 31 майи ҳамин сол ин ҳақро дошт, вале баъди лағви вазъи фавқуллодае, ки дар Миср даҳсолаҳо идома кард, аз ин ҳақ маҳрум шуд. Қарори мазкур дар ҳоле содир шуд, ки танишҳо дар Миср авҷ гирифтааст ва қарор аст, ду рӯз баъд, даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG