Раиси пешини Анҷумани футболи Чин Нан Юн бо иттиҳоми фасод ба даҳуним соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ собит намуд, ки ӯ барои бозиҳои ба истилоҳ “қарордодӣ” беш аз 200 ҳазор доллар ришва гирифтааст.
Чаҳор футболбози дастаи миллии Чин ҳам бо ҳамин иттиҳом шаш солии умри худро пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин муваззаф шудаанд, ки 79 ҳазор доллраӣ ҷарима пардохт кунанд.
Пекин бозии заифии дастаи мунтахаби кишвар дар сабқатҳои байнулмилалӣ ва коҳиши таваҷҷуҳ ба футболро бо фасод миёни амалдорони соҳаи варзиш рабт медиҳад.