Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодабоши мақомот ба бозии Лаҳистону Русия


Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, дар пешорӯи бозии тимҳои Лаҳистону Русия дар даври дувуми мусобиқоти гурӯҳии Euro 2012, ки имшаб дар Варшава доир мешавад, нирӯҳои амниятиро ба ҳолати омодабош овардаанд. Мақомоти Лаҳистон – мизбони Euro 2012 - мегӯянд, ба ин бозии гурӯҳи В байни ду тиме, ки асосан ба маҳзи мероси даврони Шӯравӣ равобити танишомезе доранд, 9800 мухлис аз Русия ва 29 300 мухлиси лаҳистонӣ чипта гирифтаанд. Пулис қаблан гуфта буд, ки тартибот дар ҷараёни қаҳрамонии футболи Аврупоро дастикам 6000 афсари пулис таъмин хоҳанд кард. Шоми сешанбе дар ин гурӯҳ тимҳои Юнон ва Ҷумҳурии Чех низ ба дидори ҳам хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG