Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши бомб дар Вардак 5 тан кушта шуданд


Бар асари таркиши бомб дар вилояти Вардаки Афғонистон 5 сарнишини як микроавтобус, бо шумули як зану як кӯдак, кушта шуданд. Сухангӯи волии Вардак Шаҳидуллоҳ Шаҳид гуфт, аз ин ҳамла, ки бовар меравад, кори дасти ҷангиёни толиб бошад, 4 мусофир ҷон ба саломат бурдаанд. Ин таркиш дар ҳолест, ки дирӯз дар натиҷаи таркиши бомби канори роҳ дар шимоли Афғонистон 5 нафар ва ҳафтае пеш дар ду бомбгузории интиҳорӣ дар ҷануби ин кишвар беш аз 20 тан ҷон бохтанд. Ҷангиёни Толибон маъмулан аз таркиши бомбҳои худсохт алайҳи нирӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ истифода мекунанд, вале дар ин таркишҳо афроди мулкӣ низ кушта мешаванд. СММ мегӯяд, соли гузашта бо беш аз 3000 куштааш пурқурбонитарин соли ҷанг барои мардуми мулкӣ дар Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG