Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Русия ба Теҳрон меравад


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе ният дорад барои баррасии як силсила масоил, аз ҷумла, музокироти навбатии Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ ва барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба Теҳрон сафар кунад. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки дар музокирот мулоқоти ҳафтаи ояндаи Маскав мавзӯи бӯҳрони ҳастаӣ, вазъи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ва ҳам марҳилаи гузори ҷаҳони Араб ва Сурия баррасӣ хоҳад шуд. ин мулоқот, ки бо ширкати Эрон, ИМА, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин барпо мешавад, рӯзҳои 18 ва 19 июн дар Маскав дар назар аст. Нишасти ҳамсони Бағдод дар моҳи май аммо натавонист Эронро барои қабули тақозои ғарб дар заминаи хатми ғанисозии ураниум водор кунад.
XS
SM
MD
LG