Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили раҳбарони оппозитсиюни Русия дар остонаи эътирозҳои зидди Путин кофтукоб мешавад


Ҷамбиши мухолифини Русия мегӯяд, ки дар остонаи раҳпаймоии барномарезишуда полис кофтукоби манзилҳои раҳбарони оппозитсиюнро шурӯъ кард. Сухангӯи ҷумбиш Олга Шорина гуфт, ки полис субҳи душанбе ба манзилҳои Борис Немтсов ва Иля Яшин шурӯъ кард. Раҳбари дигари оппозитсиюн Александр Навалний дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, ки манзили ӯ ҳам мавриди кофтукоб қарор гирифт. Олга Михайлова, вакили дифои Навалний дар сӯҳбат бо радиои Эхо Москви гуфт, ба хонаи ӯ 15 ходими полис зада даромаданд. Инчунин гузоришҳо дар бораи мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтани манзилҳои Ксения Собчак ва Сергей Удалтсов ҳам ба даст мерасанд. Полис гуфтааст, ки ин ҷустуҷӯҳо бо бебандубориҳои 6 май – рӯзи баргузории намоишҳои эътирозии сартосарӣ аз Владимир Путин ва даври сеюми президенити ӯ вобаста аст. Фардо қарор аст намоиши навбатии эътирозии азиме зидди сиёсати Путин ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG