Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЕВРО-2012: Чашмҳо ба сӯи Англия ва Фаронса


Имрӯз чашми садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба сӯи шаҳри Донетски Украина дӯхта мешавад, ки дар онҷо ду дастаи нерӯманди Аврупо, тимҳои миллии футболи Англия ва Фаронса дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Футболбозони Украина мизбони бозиҳо низ дасту остин барзада ва бо тими милли Шветсия дар шаҳри Киев қувва меозмоянд. Рӯзи гузашта, рақобати қаҳрамони ҷаҳон Итолиё бо қаҳрамони Аврупо Испониё бо сулҳ, яъне натиҷаи мусовии як бар як хотима ёфт. Аммо Хорватия бо ҳунарнамоии хубе, Ирландияро дар шаҳри Познани Лаҳистон шикаст дода ва дар гурӯҳи С мақоми аввалро соҳиб шуд.
XS
SM
MD
LG