Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаламарви евро аз бастаи кӯмак ба Испания истиқбол кард


Мақомоти аврупоӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ аз бастаи кӯмакҳои молии кишварҳои қаламрави истифодаи пули евро ба Испания ситоиш карданд. Бо ин кӯмакҳо Испания бояд бахши бонкии худро аз бӯҳрон наҷот диҳад. Ин кӯмакҳо аз 100 миллиард евро иборат аст ва аз он Сандуқи Байналмиллалии Пул ва 7 кишвари санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 7 истиқбол карданд. Пиер Московитсӣ-вазири молияи Фаронса, ки рӯзи шанбе дар ҷаласаи изтирории кӯмак ширкат дошт, гуфт, ки ин бастаи кӯмакҳо “паёми ҷиддии ҳамбастагӣ”-и 17 кишвари қаламрави евро ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG