Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш ба ёди қурбониён "Зангулаи Сулҳ" гузоштанд


Суханронии Алмазбек Атамбаев дар Ӯш
Суханронии Алмазбек Атамбаев дар Ӯш
Дар робита бо дуввумин солгарди оғози муноқишаҳои қавмӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон маросими ёдбуд баргузор шуд. Дар он Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳур ва соири мақомоти расмии ин кишвар ширкат доштанд. Барои гиромидошти хотираи қурбониёни муноқишаҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбактаборон дар ин шаҳр аз рӯи “Зангулаи Сулҳ” пардабардорӣ сурат гирифт ва зангуларо ба садо дароварданд. Ин зангула ҳар сол 10 июн ба ёди қурбониён ба садо медарояд. Зангула 50 килограм вазн дорад ва онро дар шаҳри Новосибирски Русия сохтаанд.
XS
SM
MD
LG