Қонуне, ки ҷарима барои ширкат дар эътирозҳои беиҷозатро дар Русия башиддат боло мебарад, ба ҳукми иҷро даромад. Рӯзномаи расмии “Российская газета” рӯзи шанбе, ҳамагӣ як рӯз баъд аз имзои раисиҷумҳур Владимир Путин, матни ин қонуни баҳсбарангезро нашр кард. Ин қонун ба афроди оддӣ барои ширкат дар раҳпаймоиҳои беиҷозат то 9000 доллар ва барои мақомот ду маротиба ҷаримаи сангинтар муқаррар карда, иҷбори эътирозгарон ба корҳои ҷамъиятиро низ дар назар дорад.