Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таассуф"-и Минск аз ҳамроҳии 7 кишвар ба таҳримот


Андрей Савиних
Андрей Савиних
Беларус аз тасмими 7 кишвари Аврупо барои пайвастан ба таҳримоти ИА алайҳи Минск ибрози “таассуф” кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон эълон кард, ки Албания, Исландия, Лихтенштейн, Мақдуния, Сербистон, Хорватия ва Черногория низ ба таҳримоти иқтисодиву раводидӣ алайҳи режими Аляксандр Лукашенка ҳамроҳ шуданд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Беларус Андрей Савиних гуфт, ин таҳримот “тухми нобовариро кошта, монеъи ҳалли воқеъии масоили баҳсӣ мешаванд.” Таҳримоти ИА, ки манъи ироаи раводиди сафар ба шуморе аз мақомоти Беларус ва мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии онҳоро дар бар мегирад, ба қатъи саркӯбии ҷомиаи шаҳрвандӣ ва раҳоии тамоми маҳбусони сиёсӣ маҷбур кардани Минскро ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG