Вазорати хориҷаи Покистон изҳороти Амрико дар мавриди сарпечии Исломобод аз анҷоми иқдомоти кофӣ барои маҳви паноҳгоҳҳои ҷангиёнро “шадидан” радд кард. Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш Абдулраҳими Вардак дар Кобул Покистонро ҳушдор дода буд, ки косаи сабри Вошингтон аз ин сарпечиҳо лабрез мешавад. Панетта гуфт, Амрико аз ҷумла хостори иқдоми Покистон алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи марбут ба Толибону Ал-Қоида аст, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ пойгоҳ дорад ва масъулияти чандин ҳамлаи хунинтарин дар 10 соли ҷанги Афғонистонро ба дӯши ҳамин гурӯҳ бор мекунанд.