Вазирони молияи минтақаи евро рӯзи шанбе дархости эҳтимолии Испания барои кумаки молӣ ба низоми бонкиашро баҳс мекунанд. Қабл аз ин ҷаласаи телефонӣ мақомоти молияи 17 кишвари узви ин минтақа музокироти муқаддамотӣ анҷом додаанд. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, бонкҳои Испания ба тақрибан 40 миллиард евро сармоя ниёз доранд. Бо ин ҳол, раиси ин ниҳоди молӣ аз раҳбарони Аврупо хостааст, барои мубориза бо буҳрони минтақаи евро оҷилан ба табобати бонкҳои худ бипардозанд. Кристин Лагард гуфт, мақомот бояд ҷиҳати ҳамгун сохтани механизми бонкдорӣ дар минтақаи евро амал карда, васоили қавитари идораи буҳронро ба вуҷуд биоранд. Ахиран раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ раҳбарони Аврупро ба «иқдомоти рӯшан» алайҳи буҳрони рӯ ба вахомат овардаи минтақаи евро даъват кард.