Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду скинҳед дар Маскав


Додгоҳи шаҳри Маскав ду сартарошида(скинҳед)-и рус Георгий Голованов ва Евгений Маренчукро бо ҷурми ҳамла ба атбоъи Арманистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Муғулистон мутаносибан ба 6 ва 8 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, онҳо ин 4 ҳамларо дар моҳҳои апрелу майи соли 2010 анҷом додаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 майи соли 2010 бар асари ҳамлаи ин ду қавмгаро аз шикамаш зарби корд хӯрда буд. Аммо додгоҳ даст доштани ин ду нафар дар кушторро собит карда натавонист ва ин ҷурмро аз айбномаҳои онҳо бардошт
XS
SM
MD
LG