Як сомонаи интернетии Қирғизистон бо номи Tazabek.KG аз қавли Омурбек Бабанов-нахуствазири ин кишвар хабар додааст, ки Қирғизистон тавассути шабакаҳои барқрасонии Тоҷикистон ба Афғонистон барқ содир мекунад. Бабанов ва Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон масъалаи бунёди як хати 220 киловатаи интиқоли барқ аз Огуль-Тоши вилояти Ботканд то Конибодоми Тоҷикистонро низ баррасӣ кардаанд. Тавассути ин хат Қирғизистон ба минтақаҳои шимолии Тоҷикистон барқ медиҳад ва ҳамин миқдор барқро Тоҷикистон ба Афғонистон талофӣ мекунад.