Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик аз гиребони вазорати адлия гирифтааст


Як додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии даъвои зане пардохтааст, ки шавҳараш бар асари зулму шиканҷаи посбонони зиндон ба ҳалокат расид. Савриниссо Гулова модари се фарзанд ва ҳамсари Исмоил Бачаҷонов аз Муассисаи умури зиндонҳои Тоҷикистон мехоҳад, барои марги шавҳараш тақрибан 140 ҳазор доллар ҷуброн бипардозад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди марги шавҳараш ба ҳоли зоре гирифтор шудааст: Шавҳарам зинда буд, хешовандонаш гоҳ гоҳе кӯмак мекарданд, аз рӯзе ки ӯ вафот кард, гуфтанд, худат аз паси зиндагиат шав. Ман бо ин се кӯдаки ноболиғ куҷо меравам, онҳоро гузошта чӣ гуна кор мекунам. Исмоил Бачаҷонови 32-сола соли гузашта баъди латукӯби бераҳмонаи посбонони боздоштгоҳи Душанбе ҷон дода буд.
XS
SM
MD
LG