Қарор аст, имрӯз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз Эрон бихоҳад, созишномаеро имзо кунад, ки бар асоси он нозирони созмон битавонанд, таъсисоти атомии шубҳабарангези Эронро таҳқиқ намоянд. Муассисаи мазкур ва Эрон мегӯянд, ҳадафи музокирот дар Вена аз сар гирифтани таҳқиқи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аст, аммо баъзе аз дипломатҳои ғарбӣ бовар надоранд, ки Эрон нозиронро ба таъсисоти низомии худ роҳ бидиҳад. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе аз Эрон даъват кард, то дар музокироти ояндаи ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ барои эътимодсозӣ гом бардорад. Даври навбатии музокироти ҳастаии Эрон бо Амрикову Бритониё, Чину Русия ва Фаронсаву Олмон рӯзҳои 18 ва 19 июн дар Маскав баргузор мешавад. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш, аз ҷумла ғанисозии ураниум танҳо ҳадафҳои сулҳомез доранд.