Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 нафар дар мадрасае дар Квейта


Дар шаҳри Квейтаи Покистон бар асари ҳамлаи террористӣ дар як мадраси сунниҳо дасти кам 8 нафар ҷон бохтанд. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар мадраса маросими супурдани дипломҳо идома дошт. Дар ин ҳодиса, ба иттилои полиси маҳаллӣ, беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Квейта дар соли равон аст. Бори ахир моҳи декабри соли гузашта бар асари таркиши як мошин 15 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Масъулияти ҳамлаи имрӯзаро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG