Ҷамолиддин Убайдуллоев то ишғоли ин мақом мудирияти шӯъбаи ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ дар ин вазоратро бар ӯҳда доштааст.
Таъйини писари бузурги Маҳмадсайид Убайдуллоев, ба ин мақом дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи августи соли 2011 писари дигари ӯ Амирҷон Убайдуллоев бо фармони раисиҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул таъйин шуда буд.
Дар мақоме, ки дар гузашта Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло муовини вазири молияи Тоҷиикстон аст, фаъолият мекард. То таъйин шудан ба ин вазифа Амирҷон Убайдуллоев дар вазорати молияи Тоҷикистон кор мекардааст.
Раёсати консулӣ як ниҳоди дастгоҳи марказии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст, ки то интисоби Ҷамолиддин Убайдуллоев дар он афроде мисли Баҳром Холназаров, домоди бародари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон аст ва Озода Раҳмонова, духтари президент Раҳмон, ки ҳамакнун масъулияти муовинӣ дар ин вазоратро бар ӯҳда дорад, кор кардаанд.
Зимнан, Муҳаммадсаид Убайдуллоев беш аз 15 сол боз шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 раиси Маҷлиси Миллӣ буда, аз нафарони наздики раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.