Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи сафири ояндаи ИМА дар Тоҷикистон


Сюзан Марш Элиот мегӯяд, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва ҷалби кӯмаки бештар ба Афғонистон аз дастури асосии кораш хоҳад буд.

Сюзан Марш Элиот, дипломати собиқадор ва дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба Кумитаи равобити хориҷии сенат рӯзи чаҳоршанбе гуфт:

“Ҷомеаи бозу демократӣ ва ботаҳаммул пойдевори маҳкаме барои кишвари амну ором ва шукуфо аст. Дар сурати пазируфтани номзадӣ, ман бо ҳукумати Тоҷикистон кор хоҳам кард, то барои бунёди як чунин ҷомеа қадамҳои мушаххас бардорад.“

Сюзан Марш Элиот, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе кор кардааст, ҳамчунин гуфт, тайи ду даҳсола рукнҳои як ҷомеаи бозу демократӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ ташаккул наёфтаанд:

“Дар тӯли 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон мо ба ҳадде ки мехостем, шоҳиди рушди ҷомеаи маданӣ, демократия дар ин кишвар нашудем. Мо бояд барои боз шудани ҷомеаи маданӣ кори бештаре кунем ва вазъи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистонро беҳтар кунем. Ин як авлавияти асосии кори ман хоҳад буд. Мо дар Тоҷикистон манофеи миллӣ дорем, аммо эҳтиром ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон ҳам фавқуллода муҳим аст. “

Сюзан Марш Элиот эътироф кард, ки масъалаи риояти ҳуқуқи инсонро бо назардошти ҳадафҳои стратегӣ дар Афғонистон матраҳ хоҳад кард, зеро Тоҷикистон яке аз роҳҳои шимолии кӯмак ба Афғонистон аст. Айни замон ӯ аз талошҳои Тоҷикистон барои кӯмак ба ҳамсояи ноорому ҷангзадааш таъриф кард ва гуфт:

“Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш бо ҳукумати Афғонистон як ҳамоиши ҳамкориҳои минтақавӣ барои Афғонистонро мизбонӣ кард. Дар конфронс дар бораи як идда тарҳҳои иҷрошуданӣ ва барномаҳои ислоҳотӣ, тавофуқи умумӣ ҳосил шуд, ки метавонад, ба пешрафти ҳамоиши минтақавӣ мусоидат кунад ва имконоти наверо барои сармоягузории хусусӣ дар минтақа фароҳам намояд. Дар сурати пазируфтани номзадиам, ман ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ хоҳам кард, ингуна кӯмакро идома диҳад ва агар имкон бошад, бештар кунад.“

Сюзан Марш Элиот, ҳамчунин гуфт, саъй хоҳад кард, то шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки онро вакилони амрикоӣ “ҳаросангез” хондаанд, беҳтар шавад ва ширкатҳои бештари Амрико ҳам ба иқтисоди Тоҷикистон роҳ ёбанд:

“Дар сурати пазируфтани номзадиам ман бо Тоҷикистон кор хоҳам кард, арсаи кишоварзиашро рушд диҳад ва фазоро барои сармоягузории хориҷӣ ва тиҷорат беҳтар кунад. Агар номзадиам пазируфта шавад, ҳукумати Тоҷикистон ташвиқ мекунам, гомҳои зарурие барои ҷазби ширкатҳои Амрико бардорад ва бо ҷалби молу хадамот ва таҷрибаи амрикоӣ иқтисоди худро гуногунарса кунад.“

Аз онки Тоҷикистон, Эронро яке аз шарикони наздики худ медонад ва муносиботаш бо Эрон бо вуҷуди таҳримоти зиёди иқтисодӣ густариш ёфтааст, номзад ба мақоми сафири ояндаи Амрико дар Тоҷикистон ба ин масъала ҳам ишора кард ва гуфт:

“Мо аз гуфтӯгуҳои худ бо ҳукумати Тоҷикистон эҳсос мекунем, ки онҳо моро ҳимоят мекунанд ва таҳримоти Амрико алайҳи Эронро риоят хоҳанд кард ва дар оянда баҳсҳо сари ин масъаларо идома медиҳем. Ин як авлавият дар кори ман хоҳад буд.“

Номзади пешниҳодии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба мақоми сафир дар Душанберо бояд аввал Кумитаи равобити хориҷӣ ва сипас тамоми Сенати Иёлоти Муттаҳида тасвиб кунад. Сафири феълии Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс аст, ки соли 2009 ба иҷрои ин масъулият шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG