Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми НАТО дар куштори сокинони мулкии деҳае дар Лугари Афғонистон


Мақомоти Афғонистон ва сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои НАТО субҳи имрӯз дар шарқи ин кишвар афроди мулкӣ кушта шудаанд. Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳамлаҳо 18 нафар кушта шуданд ва ба қавли ҳукумати Афғонистон, дар миёни онҳо ҷангиён низ ҳастанд. Ин ҳодиса дар вулусволии Бараки Барак дар минтақаи шарқии Лугар рух дод. Хабаргузории Олмон мегӯяд, ки дар миёни қурбониҳо раҳбари қабилаи маҳаллӣ ва 17 хешу наздикони ӯ буданд, ки як ҷашни арӯсиро таҷлил мекарданд. Аксбардори Associated Press гуфт, ки дар ҷои ҳодиса ҷасади панҷ зан, ҳафт кӯдак ва шаш мардро дидааст. Дар ин байн, сокинони деҳа ба маркази вилояти Лугар – шаҳри Пули Алам барои эътироз аз фоҷеаи рухдода равона шуданд.
XS
SM
MD
LG