Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Чин Афғонистонро чолиши аслии СҲШ унвон кард


Раҳбарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои баррасии масоили марбут ба таҳдидҳои терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ дар давоми солҳои 2013-2015 дар як нишасти дурӯза дар пойтахти Чин шаҳри Пекин гирди ҳам омаданд. Дар ҳузури кишварҳои узви ин созмон – раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва меҳмонону нозирони ҳамоиш раҳбари Чин, мизбони нишаст Ҳу Ҷинтао гуфт, ки тадбирҳои мазкур барои мусоидат ба созмони Шонгҳой дар таъмини сулуҳу субот ва амнияти минтақаӣ андешида мешаванд. Дар нақли қавл аз президенти Чин гуфта шуд, ки ӯ Афғонистонро ба унвони як чолиши ҷиддии кишварҳои узви созмон ном бурда, гуфт, ки гурӯҳи Шонгҳой ният дорад дар ҷараёнҳои барқарорсозии Афғонистон мехоҳад нақши фаъолтаре бозӣ кунад. Таъкид мешавад, ки решаҳои гурӯҳҳои исломии шӯришие, ки дар хоки Русия, Чин ва Осиёи Марказӣ амал мекунанд, аз манотиқи қабиланишини Афғонистон ва Покистон об мехӯранд.
XS
SM
MD
LG