Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди бунёди корхонаи сементбарорӣ миёни Чину Тоҷикистон имзо шуд


Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни ду давлат панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо марбут ба бунёди корхонаи сементбарорӣ дар хоки Тоҷикистон аст. Тибқи созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM), дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо маблағи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи “CNBM-TALCO семент” бунёд хоҳад шуд. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна сементи навъи 620 хоҳад буд, навиштааст сомонаи президенти Тоҷикистон. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона дар 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд, мегӯяд ин хабар.

Дар баробари ин созишнома, ду қарордоди ҳамкории миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон («Амонатбонк») ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ, Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG