Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши интиҳорӣ дар Қандаҳор ҷони 22 касро гирифт


Полиси Афғонистон гуфт, ки дар паи ҳамлаҳои маргталабон дар вилояти Қандаҳор, дасти кам 22 нафар кушта шуд. Ҷовид Файсал, сухангӯи ҳукумат гуфт, ки дар таркиши рӯзи чоршанбе 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт:


- Ҳамлагари авал савори мотосикл омад ва баъди таркиш мардум дар саҳнаи ҳодиса ҷамъ шуданд. Дар ҳамин лаҳза ҳамлагари дуюм бомбаро ба кор андохт ва ба ҳангоми убур аз дохили издиҳоми мардум худро тарконд. Дар натиҷа, 22 нафар кушта шуда 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳодиса дар маҳалли истгоҳи мошинҳои марбут як бозори серодами маҳаллӣ рух дод, ки ба пойгоҳи ҳавоии нирӯҳои НАТО наздик аст. Фармондеҳи артиш дар минтақаи ҷануби Афғонистон генерал Абдул Ҳамид гуфт, ки дар ҳангоми таркиш дар дохили пойгоҳи низомии НАТО чаҳор раҳбари вилоятҳои ин кишвар дар музокирот иштирок доштанд. Ба қавли раиси полис, бовар меравад, ки ҳама қурбониҳо мардуми мулкӣ буданд.
XS
SM
MD
LG