Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Маҳфили бе таънаву маломат дар Фейсбуки тоҷикӣ


Дар миёни маҳфилҳои сиёсиву иҷтимоиву динии серғавғову моҷаро дар Фейсбуки тоҷикӣ, як маҳфили дигари хоксоронаву ором низ ҳаст, ки аъзои зиёде надорад.

Ин маҳфил Анҷумани китобдӯстони Душанбе унвон гирифтааст, ки дар он андаке бештар аз 280 нафар ҷамъ шудаанду дар бораи китобу китобхонӣ сӯҳбат мекунанд, одати бисёр хубу муфиде, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон мутаасифона ҳоло бисёре аз мардум надорад. Дар ин маҳфил доду фарёду ҷанҷол, таънаву маломат ва нафринхонӣ нест, балки аъзои анҷуман китоберо муаррифӣ кардаанд, ба адибе барои достон ё шеъраш аҳсан гуфтаанд ва ё китоберо барои хондан тавсия додаанд. Парвиз Ҳакимзода, ки муассиси анҷуман, маҳфили мазкурро дар Фейсбук ду сол пеш боз кардааст, то ба ҳадде ҳам бошад, дар аз байн бурдаи ибораи маъмули “китоб хонда чо мекунӣ” кӯмак кунад:

“Ҳозир яке аз мақсадҳои мо, маҳбуб кардани китобхонӣ дар байни ҷавонон мебошад бахусус дар миёни кӯдакону ҷавонон дар Тоҷикистон ва инчунин маълумот додан доир ба китобу навгониҳои ҷаҳони китоб ба аҳолии Тоҷикистон ва алалхусус дастгирии адибони ҷавон.”

Парвиз Ҳакимзода мегӯяд, аз он ки аъзои Анҷумани китобдӯстони Душанбе дар Фейсбук кам аст, нороҳат нест, зеро инро аломати китоббезории “мардуми” Фейсбук намедонад:

“Албатта нисбат ба гурӯҳҳои дигар, баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ, ки зиёда аз 5 ҳазор аъзо дорад, гурӯҳи мо аъзои камтар дорад. Сабаб он аст, ки гурӯҳи мо мақсадҳои аниқ дорад ва он шахсони каме ки дар гурӯҳи мо ҳастанд, дар фаъолияти анҷумани мо иштирок мекунанд. Инҷо ягон пайванде надорад ба он ки дар гурӯҳи мо аъзои кам аст, чунки ман мебинам дар Фейсбук дар Тоҷикистон бештар онҳое ҳастанд, ки шахсони таҳсилкардаву босавод ҳастанду аз китоб дур нестанд.”

Аммо мегӯяд, Парвиз инро наметавон дар бораи қишрҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистон гуфт, ки дар бештар аз 1300 китобхонаи он 14 миллион маҳфуз будааст ва ҳоло бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ дар дили пойтахти он қомат афрохтааст. Бо вуҷуди Рӯзи китоб эълон шудани рӯзи 4 сентябр ва иҷрои барномаҳои давлатӣ барои тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дидани фарди машғули китобхонӣ дар дохили автобус, ё мусофирбар дар Душанбе мисли дидани экспонати нодир дар осорхона аст. Парвиз Ҳакимзода мегӯяд:

“Дар баъзе бозору хиёбонҳо мардумро бо рӯзномаҳои ба истилоҳ зард дар даст мебинед, лекин бо китоб камтар. Дар маркази шаҳр аҳён-аҳён ба назар мерасанд он донишҷӯёну ҷавонони пешрафта, ки дар даст китобҳо доранд.”

Баръакс, аломатҳои беқадрии китоб дар хиёбонҳои Душанбе зиёд ба назар мерасанд, ки ба ҷойи хондан, онро бо ҳадафҳои дигар истифода мекунанд:

“Ҳарчанд бисёри фурӯшандаҳо аз варақҳои китоб ба пакетҳои пластикӣ гузаштаанд, лекин ба ҳар ҳол бисёр вомехӯрем, ки он фурӯшандаҳоро ки саҳифаҳои китобҳои дар давраи шӯравӣ чопшударо ҳоло ҳам барои печонидани масалан донаи офтобпараст ва ё нос истифода мебаранд.”

Аммо хушбахтона дар нусхаҳои электронии китобҳо, ки дар маҳфили Анҷумани китобдӯстони Душанбе дар Фейсбук меёбед, носу донаи офтобпараст печонида намешавад. Ва воқеан дар маҳфил фарзандони адибонро ҳам меёбед, аз ҷумла Зулфия Миршакарова, духтари Мирсаид Миршакар адиби тоҷикро, ки дар як шарҳе дар зери тарҷумаи русии “Қишлоқи тиллоӣ” достони падараш навиштааст, ҳеҷ тарҷумае баробар ба асли ашъори падараш набудааст.

Ширин Қаноат, духтари Мӯъмин Қаноатро ҳам дар ин анҷуман пайдо мекунед, ки аксҳои хотирмони падарашро низ онҷо гузоштааст. Воқеан худи шумо агар дар Фейсбук ва ошиқи китоб ҳастед метавонед ба ин гурӯҳ пайвандед, дар мубоҳисаҳояш ширкат кунед ва аз муколама бо дигар муштоқони китобхонӣ баҳра баред ва дигаронро низ ба китобхонӣ ташвиқ кунед, ки ин ҳоло яке аз индикатор ва ё шохисҳои муҳими рушди як кишвар ва беҳбудии зиндагии мардуми он дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG