Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Панҷшер” - дар садри ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввал


Бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар се бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. Ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт. Як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба охир расид. Ҳамагӣ 18 гол зада шуд, ки 8-тоаш ба соҳибони майдон ва 10-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи «Самар»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 11-ум:

«Бохтар» (Бохтар) – СКИФ (Душанбе) – 2:1
«Пахтакор» (Қабодиён) - «Саройкамар» (Панҷ) - 2:1
«Файзобод» (Файзобод) - «Сабо» (Шаҳринав) - 0:4
«Ситора» (Рӯдакӣ) - «Локомотив» (Душанбе) - 3:1
«Барқ» (Норак) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 0:2.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер"

10

8

1

1

40-16

25

2.

Ситора”

10

8

0

2

17-5

24

3.

улбук"

10

7

0

3

23-12

21

4.

"Кӯктош"

10

6

2

2

18-10

20

5.

"Саройкамар"

10

6

1

3

31-17

19

6.

"Бохтар”

11

5

3

3

24-17

18

7.

"Самар"

10

4

4

2

17-14

16

8.

"Сабо”

10

4

1

5

24-23

13

9.

"Пахтакор”

10

3

3

4

16-15

12

10.

“Локомотив”

10

2

1

7

11-28

7

11.

"Барқ”

10

2

1

7

12-30

7

12.

СКИФ

11

1

3

7

14-29

6

13.

Файзобод

10

0

0

10

3-34

0


Нишонзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов, Наим Каримов (ҳарду - “Панҷшер”) - 11-голӣ, Соҳиб Ваҳҳобов (“Саройкамар”) - 10 гол.

Даври 12-ум
7-уми июн, панҷшанбе

Оғози бозиҳо – соати 18.00

СКИФ - «Панҷшер»
«Локомотив» - «Самар»
«Саройкамар» - «Ситора»
«Сабо» - “Пахтакор”
“Кӯктош” - «Файзобод»
“Ҳулбук” - «Барқ»

Даври 13-ум
10-уми июн, якшанбе

Оғози бозиҳо – соати 18.00

«Барқ» - «Бохтар»
«Самар» - «Саройкамар»

11-уми июн, душанбе

«Пахтакор» - «Кӯктош»
«Ситора» - «Сабо»
«Файзобод» - «Ҳулбук»
«Панҷшер» - «Локомотив»
XS
SM
MD
LG