Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи НАТO бо 3 кишвари Осиёи Марказӣ


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Паймони низомии НАТО гуфт, қарордодҳо бо 3 кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди хуруҷи мошинҳо ва таҷҳизоти низомиаш аз Афғонистонро такмил кардааст. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, дар ин замина бо Узбакистону Қазоқистон ва Қирғизистон тавофуқ шудааст. Ин муомилот ба НАТО имкон медиҳад, масири Покистонро, ки роҳҳояшро ба рӯи НАТО аз моҳи ноябр, дар пайи қатли 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои эътилоф баст, сарфи назар кунад. НАТО қасд дорад, назорати амниятиро соли оянда ба нирӯҳои афғон супурда, то поёни соли 2014 аксари нирӯҳояшро аз Афғонистон берун кашад.
XS
SM
MD
LG