Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи раҳбари аршади Ал-Қоида


Абӯяҳё Ал-Либӣ
Абӯяҳё Ал-Либӣ
Бино ба хабарҳо, ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико як раҳбари аршади шабакаи Ал-Қоидаро ба ҳадаф дошт, вале маълум нест, ки Абӯяҳё Ал-Либӣ дар байни асобатшудаҳо ҳаст ё на. Ин ҳамла субҳи 4 июн дар Вазиристони шимолии Покистон сурат гирифтааст. Ал-Либӣ шаҳрванди Либия буда, як мушовири аршади раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ ба шумор меравад. Ӯ қаблан аз чандин ҳамла ҷон ба саломат бурда, ҳатто тавонист аз як зиндони Амрико дар Афғонистон ҳам фирор кунад. Амрико дар баҳои сари ӯ 1 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст. Дар 3 ҳамлаи дирӯзаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар ҳошияи марзи Покистону Афғонистон то 30 тан кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG