Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин "Хонаи афсарон"-и Тоҷикистонро месозад


Чен Бинде, фармондеҳи ситоди кулли артиши Чин, нимаи дуюми имрӯз, 5-уми июн, бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, Чен Бинде бо вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев масоили ҳамкориҳои низомиву фаннӣ, тарбияи афсарони тоҷик, муборизаи муштарак бо терроризм ва дигар масъалаҳои низомиро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин фармондеҳи ситоди кулли артиши Чин бо вазири дифои Тоҷикистон дар расми гузоштани хишти аввали "Хонаи афсарон" дар Душанбе ширкат мекунанд. "Хонаи афсарон", маҷмааи фароғатӣ-табобатӣ буда, бо сармояи Чин дар доираи ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Тоҷикистон бунёд мешавад.

Сафари Чен Бинде дар Тоҷикистон аз 5-ум то 7-уми июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG