Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишнома миёни НАТО ва ҳамсояҳои Тоҷикистон


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, гуфт, Қазоқистону Қирғизистону Ӯзбакистон иҷоза додаанд, ки аз хоки онҳо барои бозгардони таҷҳизоти НАТО аз Афғонистон истифода шавад. Андерс Фог Рассмуссен дар шаҳри Брюссел ба хабарнигорон гуфт, барои хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО аз Афғонистон то соли 2014, ин созишномаҳо “гузинаҳои нави густурдаеро” барои тарки Афғонистон дар ихтиёри НАТО мегузорад. Ӯ ҷузъиёти созишномаҳоро ошкор накард. НАТО то кунун як чунин созишномаеро бо Русия имзо кардааст. Акнун НАТО имкон дорад, садҳо ҳазорон тонна таҷҳизоташро аз тариқи хоки ин се кишвари Осиёи Марказӣ ба Аврупо бозгардонад. Аслитарин роҳи бурунрафти НАТО, Покистон, баъди ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймои Амрико дар шаш моҳи пеш, роҳҳои таъминоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро баст.
XS
SM
MD
LG