Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои гурӯҳи "Ҷиҳод"-ро насиҳат карданд ва ҷавоб доданд


Дар Қирғизистон Кумитаи амнияти милии ин кишвар хабаре пахш ва дар он гуфтааст, ки аз 24 то 27 май дар шаҳри Қизил Қияи вилояти Ботканд нируҳои амниятӣ бо кӯмаки шахсиятҳои мазҳабии ин вилоят амалиёте анҷом додаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт 10 нафар ҷавононон боздошт шудаанд. Онҳо худро аз гурӯҳи исломии “Ҷиҳод” муаррифӣ кардаанд ва сокинони ҷамоати Қизил Қия будаанд.

Ин гурӯҳро шаҳрванди Тоҷикистон Қушмуродов ташкил кардааст ва худи Қушмуродов моҳи октябри соли 2011 дар ҷараёни як амалиёт дар Қарасӯи вилояти Ӯш аз байн бурда шудааст.

Бар зидди яке аз аъзои ин гурӯҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай ҳанӯз боздошт нашудааст ва тибқи моддаи 299 қонуни ҷиноии Қирғизистон ба муҷозот кашида мешавад. Ҷустуҷӯи вай идома дорад.

Хешовандон ва ҳамдеҳагони ҷавонон дар ҳузури мақомоти интизомӣ қавл доданд, ки ҷавононро зери назорати худ мегиранд ва онҳоро намегузоранд, ки дар оянда ба фаъолиятҳои тундравона машғул шаванд. Танҳо бо ҳамин шарту шароит ҷавононро ба муҷозот накашидаанд ва онҳоро раҳо кардаанд.

Дар бораи шахсияти Қугмуродов-раҳбари кушташудаи гурӯҳи “Ҷиҳод” маълумот ба даст наомад. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки Қушмуродов сокини кадом минтақаи Тоҷикистон аст ва кай ба Қирғизистон рафтааст.
XS
SM
MD
LG