Интизор меравад, ки дар мулоқотои раҳбарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо масъалаи Сурия дар маркақзи таваҷҷуҳ қарор бигирад. Ин мулоқот рӯзи душанбе дар ҳаволии шаҳри Санкт Петербург баргузор мешавад. Интизор меравад, ки мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо ба президент Владимир Путин фишор оранд, то дар қиболи Сурия мавзеъгирии ҷиддӣ дошта бошад. Кишварҳои Аврупо мехоҳанд Русия ба Сурия-кишвари ҳампаймонаш фишор орад, то ин кишвар нақшаҳои сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Арабро иҷро кунад.
Дар мулоқоти Санкт Петербург аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо, Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо Кетрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунанд. Рӯзи якшанбе қабл аз мулоқот Владимир Путин барои меҳмонон маҷлиси зиёфат орост.