Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 5 маҳбуси фирориро дубора ба зиндон фиристод


Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ фирории дигар аз боздоштгоҳи Кумитаи амниятро дубора ба зиндон маҳкум кардааст.

Манобеи Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ин панҷ нафар -- Аъзам Зиёев, маъруф бо лақаби "Панҷара", Ҷонибек Зиёев (Тоҷикистон), Холматов Фурқат (Узбакистон), Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев (Русия) мебошанд.

Бино ба қарори додгоҳ Аъзам Зиёев, Ҷонибек Зиёев ва Казбек Ҷабраилов дар бандитизм, куштор ва дигар "ҷиноятҳои махсусан вазнин" муҷрим шинохта шуда, ҳар кадоме 30-солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Низомӣ Абиев ва Фурқат Холматов, барои 25 ва 20 сол равонаи зиндон гардидаанд. Илова бар ин, додгоҳ Сулаймон Зиёев ва Додарҷон Булбуловро низ барои махфӣ нигоҳ доштани ҷиноят ба зиндон маҳкум кардааст.

Шаби 22-юм ба 23-юми моҳи августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифта буд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Аз ин 25 маҳбуси фирорӣ 8 нафари онҳо дар аснои амалиёти мухталиф ба қатл расида, 17 тани дигар боздошт шудаанд. То ин дам як идда аз ин маҳбусони фирорӣ дубора муҳокима ва ба зиндон афканда шуданд, ки дар миёни онҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди Миллӣ низ ҳаст.

Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд. Мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ду соли пеш ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.
XS
SM
MD
LG