Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Аҳмад Шафиқ аз номзади исломгаро


Аҳмад Шафиқ, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Миср ва ноиби нахуствазир дар аҳди Ҳуснӣ Муборак, рақиби исломгарояшро ба шиддат интиқод карда гуфт, ки ӯ Мисрро ба “даврони торик” хоҳад бурд. Дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи якшанбе, Аҳмад Шафиқ гуфт, ҳадафи Ихвон-ул-муслимин таъсиси давлати “фирқагаро” дар Миср аст. Дар даври дуввуми интихобот дар рӯзҳои 16 ва 17 июн Аҳмад Шафиқ маҳз бо намояндаи ин ҳизб Муҳаммад Мурсӣ рақобат хоҳад кард. Айни замон ҳазорон нафар аз мисриҳо ба майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира баргашта аз ҳукми додгоҳ нисбати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср эътироз мекунанд. Додгоҳ ӯро рӯзе пештар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли тазоҳургарон қимёҳои мардумии соли гузашта гунаҳкор дониства ба ҳабси абад маҳкум кард. Аммо иттиҳомоти фасодкории ду писари ӯро беасос дониста ва шаш фармондеҳи пулисро озод кардаанд.
XS
SM
MD
LG