Мақомоти расмии Нигерия мегӯянд, бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар шаҳри Лагос бузургтарин шаҳри кишвар тамоми сарнишининони он кушта шудаанд. Иллатҳои суқути ҳавопаймо, ки рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, ҳанӯз маълум нест. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои ширкати Дана Эйр, аз пойтахт шаҳри Абуҷа ба шаҳри Лагос парвоз мекард ва дар маҳаллаи сераҳолии Иҷу ба замин афтод. Мақомоти расмии Нигерия гуфтаанд, ғолибан дар маҳалли суқут ҳам чандин нафар ҷон додаанд, вале теъдоди онҳо маълум нест. Гудлак Ҷонатан, раиси ҷумҳури Нигерия дар кишвараш мотами серӯза эълом кард.