Палатаи болоии парлумони Афғонистон созиши ҳамкории стратегӣ миёни Кобулу Вошингтонро пазируфт. Ин санадро Барак Обама ва Ҳомиди Карзайр рӯзи 2 май имзо карда буданд.
Аз 80 вакиле, ки дар раъйдиҳӣ ширкат доштанд, фақат 13 нафар муқобили созиш овоз доданд. Вакилони палатаи поёни парлумон санадро 26 май қабул карда буданд.
Созиши ҳамкориҳои стратегӣ идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014, яъне баъд аз хуруҷи теъдоди бузурги нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишварро дар назар дорад.
Низомиёне, ки дар Афғонистон боқӣ мемонанд, тамрини нерӯҳои амниятии маҳаллиро идома хоҳанд дод.