Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозие дар Канада як нафар кушта шуд


Як марди ношинос дар маркази тиҷоратие дар ашҳри Торонтои Канада тирандозӣ кард, ки бар асари ин як нафар кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазъи ду нафар, аз ҷумла, як писари 13-сола сангин арзёбӣ мешавад.

Яке аз шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории Reuters гуфт, “ӯ силоҳро берун карда сӯи ҳаво тир андохт. Ин вақт ӯ чим-чиҳо гуфта дод мезад ва аммо ҳарфҳояшро фаҳмида намешуд, зеро одамони атроф ҳам доду фиғон мекарданд. Бесарусомонӣ шурӯъ шуд”,

Садҳо нафар аз маркази тиҷорат берун карда шуданд. Ҷустуҷӯи марди тирандоз идома дорад.
XS
SM
MD
LG