Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мегӯяд, Олмон ва Русия мехоҳанд, то муноқишаи Сурия аз роҳҳҳои сиёсӣ ҳал шавад. Ангела Меркел баъди мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Берлин аз ҷомеаи байналмилал хост, то талошҳоро барои монеъ шудан ба ҷанги дохилӣ дар Сурия суръат бахшад. Ангела Меркел гуфт: "Мо мувофиқат кардем, ки ҳар кишвар ва ман аз тарафи Олмон гуфтам, ки мо бояд ҳамаи корро кунем, то муноқиша дар Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил наёбад, ё сабаби ранҷ кашидани мардуми бештар нашавад." Ангела Меркел дар ҳоле дар ин бора сухан гуфт, ки Русия ба хотири мухолифаташ ба иқдомоти қотеъона алайҳи ҳукумати Башшор Асад аз тарафи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, таҳти фишори афзояндаи кишвари ғарбӣ қарор гирифтааст. Русия як шарики дерина ва аз таъминкунандагони аслии Сурия бо силоҳ аст. Даъватҳо барои иқдом алайҳи ҳукумати Сурия баъди қатли оми 109 тан мардуми бегуноҳ дар шаҳри Ҳула авҷ гирифт. Ва Навӣ Пиллай, маъсули ҳуқуқи башари Созмони Милал хостори «таҳқиқи байналмилалии бетарафона ва мустақили» фоҷиаи Ҳула шуд.