Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қубодиён. Тоҷикон дар ширкати ҷопонӣ "хоришак" шуданд


Маркази ноҳияи Қубодиён.
Маркази ноҳияи Қубодиён.

Дастикам 12 нафар аз кормандони ширкати муштараки Тоҷикистону Ҷопон – «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мубталои бемории хоришак (чесотка) шудаанд.

Назаралӣ Зиёдалиев, мудири шӯъбаи ҳифзи тандурустии ноҳияи Қубодиён бо тасдиқи ин хабар гуфт, феълан як комиссияи босалоҳияти иборат аз коршиносони вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин ноҳия ангезаҳои хуруҷи ин бемории сироятиро таҳқиқ мекунад.

Вай афзуд, афроди сироятшуда ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, нафаре аз ҷопониҳо мубталои ин беморӣ нашудаанд: «Ҳоло мо ҳамаи нафарони сирояшударо муолиҷа мекунем, вазъи саломатиашон мӯътадил аст. Як қисмашон дар шаҳри Душнбе табобат мегиранд.»

Коршиносон ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки бемории хоришак яку якбора дар ин мавзеъ аз куҷо сарчашма гирифта, пайомадаш чӣ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, Мухтор Ҳасанов, корманди масъули корхонаи муштараки «Аввалин», мегӯяд, ҳоло тамоми кормандони сироятшуда ба рухсатӣ гусел шудаанд, то ба табобати ҷиддӣ фаро гирифта шаванд:

«Аввал мо фикр кардем, ки кормандони мо аз ҳисоби чангу ғубори бисёри корхона, ё аз решаи ширинбияи ҷамъоваришуда аллергия гирифтаанд, ё ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ гирифтори ин беморӣ шудаанд. Аммо коршиносони вазорати тандурустӣ таҳқиқ карда ба хулоса омаданд, ки вазъи корхонаи мо хуб буда, сарчашмаи бемориро набояд дар ин ҷо ҷуст.»

Корхонаи «Аввалин», ки асосгузор ва сармоягузори он ширкати «Кокий системз ЛТД»-и Ҷопон мебошад, дар ҳудуди совхози «Тоҷикистон»-и ҷамоати Навободи ноҳияи Қубодиён воқеъ буда, дар як сол то се ҳазор тонна решаи ширинбияро коркард намуда, аз он маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли доруи гаронбаҳои бемориҳои ҷигар таҳия мекунад.

Манучеҳр Гадоев, мудири кулли ҶСП «Аввалин», гуфтааст, ки «Кокий системз ЛТД»-и Ҷопон бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи доруворӣ аз решаи ширинбия дар ҷаҳон мебошад ва ҳар сол то 300 ҳазор нафар бемор бо истифодаи доруҳои он аз бемориҳои вобаста ба ҷигар шифо меёбанд. Вай афзуд, дар муддати 7 моҳи фаъолият корхонаи «Аввалин» 22,5 тонна маҳсулот истеҳсол ва қариб 16 тоннааш ба хориҷи кишвар содир намудааст.

Мухтор Ҳасанов, намояндаи корхонаи мазкур гуфт, ба гумони ғолиб эпидемияи хоришак на аз ҳудуди корхонаи «Аввалин», балки дар деҳае сарчашма мегирад, ки корхона дар он бино дорад. Гуфта мешавад, дар ин деҳа беш аз 500 хонавода умр ба сар мебаранд ва мавридҳои сироятёбии сокинони маҳаллӣ ба бемории хоришак низ дар ин ҷо сабт шудааст.

Корхонаи «Аввалин» тирамоҳи соли гузашта бо сарфи беш аз се миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, 50 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва 150 нафарро бо кори мавсимӣ таъмин менамояд.

Соли ҷорӣ барои ҷамъоварӣ намудани 1500 тонна решаи хушки ширинбия ба ин ширкат иҷозатнома дода шудааст. Ширкати «Кокий системз ЛТД»-и Ҷопон – муассиси корхонаи «Аввалин» қасд дорад, ки минбаъд истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ - дорувориро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, аз кишвар содирот намояд.
XS
SM
MD
LG