Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик А.Юнусов лейтенанти милиса шуд


Рӯзи ҷумъа Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, се варзишгари маъруфи тоҷик – муштзанҳо Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, гуштигир Парвиз Собировро ба ҳузур пазируфта, ба ҳар се ифтихорномаҳои вазоратро тақдим кард.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки Рамазон Раҳимов барои талошҳои чандинсолаи Анвар Юнусов дар амри боло бурдани обрӯи варзиши тоҷик ва эътибори вазорати умури дохила, ба ӯ рутбаи лейтенанти милисаро дод.

Капитани милиса Парвиз Собиров дар қисми ҳарбии 3453-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хизмат мекунад. Лейтенанти милиса Мавзуна Чориева мушовири Ҷамъияти варзишии «Динамо» мебошад.

Ёдовар мешавем, Анвар Юнусов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг бо медали биринҷӣ сарфароз шуд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Вай, инчунин, порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчҳони Куриёи Ҷанубӣ медали тилло ба даст овардааст.

Бояд гуфт, Анвар барои дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд.

Бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзиши кишвар Анвар Юнусов беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2011-ум эълон шудааст.

Аммо Мавзуна Чориева ягона бонуи варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи Лондон роҳхат ба даст овардааст.

Паҳлавони номии тоҷик Парвиз Собиров бошад мувофиқи рӯйхати пешниҳодкардаи Федератсияи дзюдои Осиё дар Олимпиадаи Лондон иштирок хоҳад кард. Ӯ тӯли ду соли ахир дар мусобиқоти мухталиф ҳамагӣ 164 имтиёзи олимпӣ ба даст овардааст ва дар байни 32 дзюдочӣ дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG