Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистони Русия як муаллимро куштаанд


Мақомоти Доғистон имрӯз гуфтанд, қатли як омӯзгор ва оташ задани як мактаб дар ноҳияи Тсунтинск, амали дасти тундгароён аст. Вазорати умури дохилии Доғистон эълом кард, ки шоми панҷшанбе, як гурӯҳи мусаллаҳ, Тсебарӣ Зойирбек Ғозимуҳаммадов, муаллими тарбияи ҷисмонии мактабро зимни бозгашташ ба хона аз масҷид кушта ва сипас ба мактаби ӯ рафта, онҷоро оташ задаанд. Қисмати зиёди мактаб сӯхтааст ва ҳоло мақомот дар пайи ҷинояткорон будаанд.
XS
SM
MD
LG