Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи Сурия дар Шӯрои Ҳуқуқи Башар


Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар шаҳри Женева вазъи бадтаршавандаи Сурия, аз ҷумла қатли оми 108 нафар дар рустои Ҳуларо баррасӣ дорад. Қатли мардуми бегуноҳ аксаран кӯдакону занон дар ин русто, хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт ва сабаб шуд, ки кишварҳои ғарбӣ дипломатҳои Сурияро аз қаламравҳояшон ихроҷ кунанд. Нозирони Созмони Милал мегӯянд, аксари қурбониён аз ҷумла 49 кӯдак ва 34 занро ё бо тири туфанг ва ё ханҷар куштаанд. Ба гуфтаи нозирон, зоҳиран гурӯҳҳои мусаллаҳи алавиҳо, тарафдорони ҳукумати Башшор Асад, масъули ин қатли ом ҳастанд. Аммо ҳукумати Башшор Асад мегӯяд, ба хотири барангехтани низоъҳои мазҳабӣ, қатли оми мардуми суннимазҳабро худи гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ анҷом додаанд. Дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал 47 узви он ибрози назар мекунанд, вале иҷрои қарорҳои ин шӯро ҳатмӣ нест.
XS
SM
MD
LG