Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як моҳ аз Тоҷикистон 28 хориҷиро рондаанд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, моҳи равон тақрибан 28 шаҳрванди хориҷиро бинобар риоят накардани муқаррароти иқомат аз Тоҷикистон ронданд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти сеҳафтаина барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин 87 хориҷии дигар, бахусус шаҳрвандони Чин ва Афғонистонро барои нақзи муқаррароти иқомат ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар кишвар бештар аз 16 200 шаҳрвандони хориҷӣ ба кору таҳслил машғуланд.
XS
SM
MD
LG