Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF: "Фақри шадид домангири 16% кӯдакони тоҷик аст"


Дар Тоҷикистон шонздаҳ дарсади кӯдакон дар шароити фақри шадид ба сар мебаранд ва ҳар лаҳза ба хатари марг рӯбарӯ ҳастанд.

Энтонӣ Лейк, мудири иҷроияи UNICEF бо пахши як баёния аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кардааст, ки дасти кӯдакони фаромӯшшуда ва хурдсолони маъюбро бигиранд ва кӯмаки худро дареғ надоранд.

Дар ин баёния, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пахш шуд, Энтонӣ Лейк хостааст, ки ба ин афрод ба мисли фарзанду хоҳару бародари худ муносибат шавад.

Дар баёния омадааст, ки дар Тоҷикистон кӯдакони хонаводаҳои фақир ду баробар аз кӯдакони оилаҳои доро бештар буда, ба хатари фавт дучор ҳастанд аз кӯтоҳқадӣ бар асари камғизоӣ ранҷ мекашанд. Ба ин хотир UNICEF дар якҷоягӣ бо Институти Омбудсмен бозрасии нақзи ҳуқуқи кӯдаконро оғоз кардааст, ки ин барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳукумат ба вазъи кӯдакони маъюб ва риояи ҳуқуқи онҳо муҳим буда, масъулияти ҷомеаро бештар хоҳад кард.

Дар баёния зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон шароити мактабҳо барои кӯдакони маълул мувофиқ нестанд. Теъдоди кӯдакони маълул дар Тоҷикистонро UNICEF 30 ҳазору 13 нафар нишон медиҳад, вале мегӯяд, ки дар деҳоти кишвар хонаводаҳо кӯдакони худро ба мактаб ва муассисаҳои томактабӣ намебаранд, зеро аз нишон додани кӯдаки маълули худ шарм медоранд.

Ин созмон меафзояд, шумораи аслии кӯдакони маълул бештар аз рақаме мебошад, ки нишон дода мешавад.

Энтонӣ Лейк, мудири иҷроияи UNICEF таъкид мекунад, ки таҷили Рӯзи кӯдакон дар он сурат боадолатона хоҳад буд, ки агар падару модарон, ходимони давлату дин, журналистҳо доир ба роҳҳои расонидани кӯмак ба хурдсолон сӯҳбату гуфтугӯҳо дошта бошанд.



ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН

1-уми июн ҳанӯз дар соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева ба ҳайси Рӯзи кӯдак муқаррар шуда буд. Аммо ин рӯз ба сифати Рӯзи кӯдак бештар дар кишварҳои коммунистии собиқ таҷлил мешавад ва кишварҳои дигар аслан рӯзи 20 ноябр, яъне таърихи тасвиб шудани эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, таҷлил мекунанд.

Дар ҳар сурат, хоҳ 1 июн ва хоҳ 20 ноябр, ин рӯзҳои расмӣ фақат як баҳонаи дигаранд барои бори дигар баргаштан ба масъалаи вазъи ҳуқуқи кӯдак дар кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои фақире, чун Тоҷикистон.

Маълум аст, ки тақрибан нисфе аз 7 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз овони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон ба назар мерасад, аз вуҷуди ин рӯзи расмӣ танҳо мақомоти зирабт ва расонаҳо хабар доранду халос. Ба ҳар ҳол, кӯдакони хиёбонӣ, фақиру бенаво, ки як пора нони шиками худро аз меҳнати сангини кӯча меёбанд, аз ин рӯз бехабаранд, ҳарчанд аслан вазъи ҳуқуқи онҳо боиси нигаронӣ мебошад ва бештар маҳз онҳо ниёзманди нигаҳбониву меҳрубониву раҳму шафқатанд.
XS
SM
MD
LG