Вазири дифоъи Амрико гуфт, ҳар навъ иқдоми низомӣ дар Сурия ба ҳимояти СММ зарурат дорад. Леон Панетта дар роҳ ба як анҷумани дифоъӣ дар Сингапур, ки як мавзӯъаш вазъи Сурия хоҳад шуд, гуфт, дахолати низомии Амрико дар Сурияро бидуни ризоияти СММ “тасаввур карда наметавонад.” Ин изҳорот дар ҳолест, ки СММ ва кишварҳои зиёд куштори 108 нафар дар рустои Ҳулои Сурияро маҳкум карданд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг ҳушдор доданд, ки чунин ҳаводис Сурияро ба домани “ҷанги шаҳрвандии фоҷиабор” тела медиҳад. Сурия аммо “гурӯҳҳои силоҳбадаст”-ро дар куштори Ҳуло айбдор мекунад.