Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи ситоди артиши Чин ба Тоҷикистон меояд


Фармондеҳи ситоди кулли артиши Чин Чен Бинде рӯзи 5 июн бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба “Авесто” гуфтааст, Чен Бинде бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва ҳам тарбияи афсарони тоҷикро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, генерали чинӣ дар расми гузоштани хишти аввали Кохи афсарон дар Душанбе низ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG