Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Қазоқистон ва Чин ҷасади 15 марзбонро пайдо карданд


Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки дар имтидоди марзи миёни Қазоқистону Чин ҷасади тақрибан 15 марзбон ва як ҷангалбон пайдо шудааст. Ин ҷасадҳоро дар назди посгоҳи оташзада пайдо кардаанд. Сабаби куштор ва оташ задани посгоҳ рӯшан нашудааст. Мақомоти расмӣ, ки нахостаанд аз онҳо ном бурда шавад, мегӯянд, ки дар ин минтақаи дурафтодаи марз се марзбони дигар нопадид шудаанд. Турғанбек Стамбеков-муовини раиси Хадамоти марзбонии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки як гурӯҳи баландпояи мақомоти амниятӣ ба маҳали ҳодиса рафтааст ва ба ин ҳодиса расидагӣ мекунад. Мақомот аз додани ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, танҳо баъд аз ба даст омадани натиҷаҳои таҳқиқ маълумоти бештарро нашр мекунанд.
XS
SM
MD
LG