Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси куштори Ҳуло ба Женева меравад


Акс аз маросими дафни қурбониёни куштори Ҳуло
Акс аз маросими дафни қурбониёни куштори Ҳуло
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи ҷумъа дар як иҷлоси изтирорӣ куштори беш аз 100 нафар дар рустои Ҳулои Сурияро баррасӣ хоҳад кард. Сухангӯи ин Шӯро Роландо Гомес гуфт, ин иҷлос бо даъвати 21 узв аз 47 кишвари узви Шӯрио ҳуқуқи башар доир мешавад. Шӯрои мустақар дар Женева танҳо дар як соли охир се дафъа вазъи Сурияро баҳс кардааст.
Куштори Ҳуло ҷаҳонро ба ғазаб овард ва кишварҳои зиёди ғарбиро ба ихроҷи дипломатҳои Сурия водор кард. Таҳқиқотҳо ҳокист, ки аксар дар Ҳуло, аз ҷумла кӯдакон, ба сурати гурӯҳӣ кушта шудаанд. Аммо Русия бо ин ҳол бори дигар гуфт, ки “қатъиян мухолиф”-и истифодаи нирӯ алайҳи Димишқ аст.
XS
SM
MD
LG