Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон фардо ба Чин хоҳад рафт


Эмомалӣ Раҳмон дар канори Ҳу Ҷинтао ва Дмитрий Медведев
Эмомалӣ Раҳмон дар канори Ҳу Ҷинтао ва Дмитрий Медведев
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 июн бо як сафари расмӣ ба Чин хоҳад рафт. Боздиди расмии оқои Раҳмон аз Чин 5 рӯз идома ёфта, рӯзи 5 июн мулоқоти ӯ бо ҳамтои чиниаш Ҳу Ҷинтао пешбинӣ шудааст. Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, қарзи Душанбе аз Пекин ба 900 миллион доллар наздик мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамин тавр, рӯзҳои 6 ва 7 июн дар Пекин дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунад. Ин созмон Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG