Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон: "Амалҳои террористӣ ҷилавгирӣ шуд"


Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон мегӯяд, маъмурони амниятиаш аз чанд амали террористӣ, аз ҷумла як ҳамла дар остонаи озмуни мусиқии Евровижн ҷилавгирӣ кардаанд, ки чанде пеш баргузор шуд. Мақомоти расмӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ин ҳамлаҳоро «гурӯҳи фаромиллии террористӣ ба раҳбарии Вугар Падаров» тарҳрезӣ карда будааст, ки ӯро як тундрави исломии шарики Ал-Қоида медонистанд. Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, маъмурони амниятӣ Вугар Падаровро дар як даргирӣ дар дохили Озарбойҷон кушта ва 40 муттаҳам ба узвият дар ин гурӯҳи террористиро боздошт ва аслиҳаи онҳоро кашфу забт кардаанд. Ин амалиётҳо дар манотиқи ҳаммарз бо Ҷумҳурии Доғистони ноороми Русия сурат гирифтааст. Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, Вугар Падаров мехостааст, ба Қасри Бӯлурини Боку маҳалли баргузории Евровижн ва чанд макони дигар ҳамла кунанд.
XS
SM
MD
LG